Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Дӯлона

Сари кўҳу лаби ҷар Қадди роҳу пушти дар Дўлона марҷон шудаст, Аҷаб фаровон шудаст. Сар то ба по зар шудаст, Ҳамранги ахгар шудаст. Худ бинигар, дугона, Буттаяки дўлона Ҳоло чиро мемонад? Ҷониби худ мехонад?! Ҳусни дара – дўлона! Хушманзара – дўлона! Як бутта, пури марҷон, Дар таҳти ҷар овезон. Дарё онро мешўяд, Мебўяду мегўяд: – Ҳой, ту ҷасурӣ, ё на? Ин кироӣ дўлона! – Шамоли сари майдон, Биё, дўлона афшон! Домани худ пур кунем, Хўрему ҳузур кунем. Ҳамели марҷон кунем, Ҳалқаи рахшон кунем. Дўлонаи сари роҳ – Файзи кафи тирамоҳ!