Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Бибиҷонам

Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд. Аз раҳи дур меояд, Базўр-базўр меояд. Бибим ояд, мо – хурсанд, Кисаҳояш – пури қанд. Мавизу мағз меорад, Чизҳои нағз меорад. Гапҳои бибим ширин, Қанд барин, асал барин. Бибим – кони афсона! Бибиҷонам – ягона! Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд. Равам, кўрпача орам, Болишти пар гузорам. Чояки гарм биёрам, Нонаки нарм биёрам. Бибиҷона шинонам, Хафа шудан намонам. Бибиҷони хушрўям, Бибии қиссагўям.