Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон803Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум22Аскар Ҳаким17Абдулқодири Бедил15Гулчеҳра Сулаймонӣ14Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Эраҷ Шокирӣ2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Шарифҷон Махдум Садри Зиё1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст

👁 37

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст, В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст. Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст, В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз

👁 37

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки хабар гирам боз. Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз, Чизе нагузорӣ, ки намеоӣ боз.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем

👁 35

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр

👁 49

Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр. Чун буд гузашту нест нобуд падид, Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр.

Умари Хайём
Умари Хайём

Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту,

👁 32

Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту, Биё, бибин, ки дар ин ғам чӣ нох(в)ашам бе ту. Шаб аз фироқи ту менолам, эй парирухсор, Чу рӯз гардад, гӯӣ дар оташам б

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт

👁 57

Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт: К-аз хоб касеро гули шодӣ нашкуфт, Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт, Май нӯш, ки умрҳо мебояд хуфт.

Умари Хайём
Умари Хайём

Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом

👁 118

Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом, Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром. Моем дар ин гунбади фирӯзарухом, На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.

Умари Хайём
Умари Хайём

Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ

👁 224

Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ, Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ. Бо оби дари хона қаноат бинамо, Дарё маталаб, ки ташналаб мемирӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд

👁 82

Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд, Ҳар як пайи якдигар якояк бираванд. Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, Рафтанду равему боз оянду раванд...

Умари Хайём
Умари Хайём

Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст

👁 346

Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст, Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст. Вар-на нохуш гузарад, ними на

Умари Хайём
Умари Хайём

Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист

👁 38

Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар варақи китоби худ хоҳам зист. То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон, Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.

Гулрухсор Сафӣ
Гулрухсор Сафӣ

Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ

👁 45

Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ, Худро ба дори гардани маҳтоб мекашид. Ёди висоли ботиле аз шаҳраги хаёл, Бо сӯзани фироқи ман зардоб мекашид.

Гулрухсор Сафӣ
Гулрухсор Сафӣ

Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад

👁 48

Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад, Ту умре бехазону гулфишон бошӣ. Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ, Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!

Гулрухсор Сафӣ
Гулрухсор Сафӣ

Сайру гашти лолазорон ёд бод

👁 94

Сайру гашти лолазорон ёд бод, Афту хези майгусорон ёд бод, Ишрати фасли баҳорон ёд бод, «Рўзи васли дўстдорон ёд бод,

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред

👁 133

Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред, Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред. Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред, Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Холаи зардӯз

👁 31

Холаи зардӯз, Ба ман тоқӣ дӯз, Ё тоқиям дӯз, Ё маро омӯз

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Очам хамир мекунад

👁 74

Очам хамир мекунад, Нони фатир мекунад, Нони башир мекунад, Очам хамир мекунад.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Шаддаи марҷон

👁 38

Шаддаи марҷона бин, Марҷони рахшона бин, Таг-таги айвона бин, Марҷони мижгона бин.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Момо

👁 32

Момо, говро дӯшидӣ? Ширашро нанӯшидӣ? Момо, ҷурғот нахобон, Барои ман қаймоқ мон.

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Модари ғамгусори ман

👁 55

Модари ғамгусори ман, Шодии рӯзгори ман, Қуввати ман, мадори ман, Боғи ману баҳори ман —

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Бодбарак

👁 25

Бодбарак мепарад, Ҳуши маро мебарад, Ҳуши маро мебарад, Бодбарак мепарад...

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Пас аз мо

👁 59

Пас аз мо одаме мехезад аз олам, Ки дасташро ба рӯи шонаи хуршед хоҳад бурд, Ба мо – аҷдоди беҳад содааш ҳам фахр хоҳад кард Ва ҳам афсӯс хоҳад хӯрд,

Бозор Собир
Бозор Собир

Рӯзи маргам ҳоҷате бар гиряи бисёр нест

👁 30

Рӯзи маргам ҳоҷате бар гиряи бисёр нест, Баъди дафнам доду вою нолаҳо даркор нест. Гар надоштам қиммате дар зиндагиям пеши ту, Во дареғо баъди маргам хайри ту д

Ш
Шоири номаълум

Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд

👁 187

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем, Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем. Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳамоташи Зардуштем, Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.

Бозор Собир
Бозор Собир

Аспак

👁 28

Чархи фалак равон шуд, Чархи фалак давон шуд Рахшон шуд, чароғон шуд, Хурсандии калон шуд,

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Саҳифаи 22 аз 33