Очам хамир мекунад
Очам хамир мекунад,
Нони фатир мекунад,
Нони башир мекунад,
Очам хамир мекунад.
Дар гирди хамири ӯ,
Нонаки башири ӯ,
Кулчаю фатири ӯ —
Мо ҳама бекарорем,
Мо ҳама интизорем:
Кай хамираш мерасад?
Кай фатираш мепазад?
Очам дар пеши танӯр,
Танӯраш аз лахча пур.
Ду рӯяки сурхи ӯ,
Ду кулчаяки хушрӯ.
Зудтар фатираш пазад!
Нони башираш пазад!
Очам остин бар зад,
Мӯй ба пушти сар зад,
Каме дигар алав монд,
Нон ба танӯр часпонд.
Ана, фатир мепазад,
Нони башир мепазад!
Очачонам ба танӯр,
Ба танӯри пур аз кӯр,
Пури кулча,
Пури нон,
Хандид, ҳамон замон
Аз танӯр кулчаву нон
Баромад хандон.