Холаи зардӯз
Холаи зардӯз,
Ба ман тоқӣ дӯз,
Ё тоқиям дӯз,
Ё маро омӯз
Ҷилваи зарро,
Шабнами рӯи
Нури ахтарро,
Ғунчаи тарро,
Шамсу қамарро,
Ранги саҳарро.
Холаи зардӯз,
Холаи дилсӯз,
Дар барат даме
Биншинам каме.
Бинам аз назар
Як бори дигар
Ҷилваи зарро,
Нури ахтарро,
Шабнами рӯи
Ғунчаи тарро,
Шамсу қамарро,
Ранги саҳарро —
Шояд ягон рӯз
Мешавам зардӯз.