Сайру гашти лолазорон ёд бод
Сайру гашти лолазорон ёд бод,
Афту хези майгусорон ёд бод,
Ишрати фасли баҳорон ёд бод,
«Рўзи васли дўстдорон ёд бод,
Ёд бод он рўзгорон, ёд бод!»
Сўхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,
Гашт вайрон хонаи ободи ман,
Нест фориғ хотири ношоди ман,
«Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод».
Дилбаронро фикри дилдорӣ намонд,
Ошиқонро қуввати зорӣ намонд,
Аз касе бар кас ғами ёрӣ намонд,
«Ин замон дар кас вафодорӣ намонд,
3-он вафодорон ёрон ёд бод!».
Он ки дил аз баҳри ў аз даҳр гашт,
Кори ў дар бораи ман қаҳр гашт,
Оби чашмам шоми ҳиҷрон наҳр гашт,
«Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нўши бодахорон ёд бод».
Нест дар ғурбат касе ғамхораам,
Дар назарҳо чун хасе бекораам,
Дар куҷо монам сари овораам?
«Ман, ки дар тадбири ғам бечораам,
Чораи он ғамгусорон ёд бод»
Мурд Айнӣ, дарди ў бинҳуфта монд,
Толеи носозгораш хуфта монд,
«Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғ, аз роздорон ёд бод»