Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон798Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум21Аскар Ҳаким17Гулчеҳра Сулаймонӣ14Абдулқодири Бедил13Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Сафаров Эхсон Абдуллоевич1Шамси Табрезӣ1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Эй Ҷунун асрори дарди дил ба бедардон магу

👁 37

Эй Ҷунун асрори дарди дил ба бедардон магу, Сузи дарди дил куҷо ҳар бехабар бовар кунад

М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 300

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сафеди мезанад мӯям

👁 25

Сафеди мезанад мӯям, Ғами дилро ба ки гӯям? Ба оби дидаам шӯям, Худовандо, бигир дастам.

Ш
Шоири номаълум

Эй банда магӯ зи манманиҳо сухане

👁 27

Эй банда магӯ зи манманиҳо сухане, К-аз моли ҷахон бувад насибат кафане.  Дунёст хароб қаср бунёд макун, Бо сарвати беадад дилат шод макун.

Ш
Шоири номаълум

Бар даргоҳи Худой пеш аз аҷал ой

👁 57

Бар даргоҳи Худой пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар маҳал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол.

М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

На беморам, На хушҳолам

👁 74

На беморам, На хушҳолам, На аз ҳолам хабар дорам... Гаҳе бо дил, Гаҳе бо ҷон, Гаҳе аз ҳарду безорам..

Ш
Шоири номаълум

Бевафо бошӣ, вафоят мекунанд

👁 22

Бевафо бошӣ, вафоят мекунанд, Бовафо бошӣ, хиёнат мекунанд. Меҳрубонӣ гарчи оини хуб аст, Меҳрубон бошӣ раҳоят мекунанд!

Ш
Шоири номаълум

Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ

👁 69

Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ, Бар тахт рави вале Сулаймон нашавӣ. Дар асл агар нест Худо дар дили ту, Сад бор ба хаҷ рави мусалмон нашавӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад

👁 140

Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад, Навбати пирӣ дарояд, навҷавонӣ бигзарад. Эй ки дори боғу бӯстон, молу мулку мамлакат, Боғи ту вайрона гардад, боғбон

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Гуфтанду ман ҳам гуфтаам

👁 35

Гуфтанду ман ҳам гуфтаам, эй дӯстон, ëдам кунед, Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ëдам кунед.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман бода хурам валек мастӣ накунам

👁 48

Ман бода хурам валек мастӣ накунам, Илло ба қадаҳ даром дасти накунам. Дони ғазабам зи майпарастӣ чӣ бувад? То ҳамчу ту хештан парасти накунам.

Умари Хайём
Умари Хайём

Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад

👁 71

Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад, Мисли ин аст, ки гурге саги чӯпон бишавад. Ҳар куҷо ҳудҳуди доно биравад кунҷи қафас, Ҷуғди вайрона нишин муршиди му

Ш
Шоири номаълум

Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае

👁 92

Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае, Гуфт: ё хоб аст, ё бод аст, ё афсонае. Гуфтамаш: аҳволи умрамро бигу то умр чист? Гуфт: ё барқест, ё шамъест, ё парвонае

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Агар як лаҳза хории забон бинам

👁 87

Агар як лаҳза хории забон бинам, Суханҳои равонро норавон бинам, Ба дасти нотавоне нотавон бинам, Дилам бар Рӯдаки сӯзад,

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост

👁 25

Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост? Булбули шӯрида ҳастам боғу бустонам куҷост? Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст. То бишӯяд доғи дил он абри

Умари Хайём
Умари Хайём

Дилбаре бо дилбарӣ дил аз кафам дуздиду рафт,

👁 31

Дилбаре бо дилбарӣ дил аз кафам дуздиду рафт, Ҳарчӣ кардам нола аз дил, сангдил нашниду рафт. Гуфтамаш, эй дилрабо дилбар, зи дил бурдан чӣ суд? Аз таҳи дил бар

Ш
Шоири номаълум

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст

👁 76

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чашмам чу ба чашми он паричашм афтод

👁 118

Чашмам чу ба чашми он паричашм афтод, Аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод. Рафтам,ки бидуздам аз ду чашмаш чашме Аз чор тараф ба чашми ман чашм афтод.

Амир Хусрави Деҳлавӣ
Амир Хусрави Деҳлавӣ

З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо

👁 15

З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо, Н-омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо. Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо, Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо...

Умари Хайём
Умари Хайём

Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд

👁 29

Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд, Дар кори ҷаҳон хамӯш мебояд буд. То чашму забону гӯш бар ҷо бошанд, Бе чашму забону гӯш мебояд буд...

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй воқифи асрори замири ҳама кас

👁 25

Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас...

Умари Хайём
Умари Хайём

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс

👁 31

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс, В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс. Ин як дами нақдро ғанимат медон, В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст

👁 25

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст, В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст. Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст, В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз

👁 23

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки хабар гирам боз. Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз, Чизе нагузорӣ, ки намеоӣ боз.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем

👁 27

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 21 аз 32