Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад
Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад,
Мисли ин аст, ки гурге саги чӯпон бишавад.
Ҳар куҷо ҳудҳуди доно биравад кунҷи қафас,
Ҷуғди вайрона нишин муршиди мурғон бишавад.
Сарзамине, ки дар он қаҳт шавад озодӣ
Гарчи девор надорад худ зиндон бишавад.
Боғбоне, ки ба наҷҷор диҳпд боғашро,
Фаслҳояш ҳама ҳамранги зимистон бишавад.
Нохудо, дилхуши ин оби ёрон набош,
Вой аз он лаҳза, ки ҳангомаи тӯфон бишавад.