Ишрати дунё маҷӯ дунё ҷазоят медиҳад,
Ишрати дунё маҷӯ дунё ҷазоят медиҳад,
Баъди базму баъди шоди ғуссаҳоят медиҳад.
Дасти ҳар нокас нагир дар нимароҳи зиндагӣ,
Як қадам пеш аз ту гардад, пешпоят медиҳад.
Бар забон ҳаргиз наёвар ҳарфи ноҷо ҷони ман,
Муждаи гӯшат шунав акси садоя медиҳад.
Дар дилат бишкан ҳама найрангҳои шайтони раҷим,
Шарри шайтони шикасту сад балоят медиҳад.
Ҳақ бирав бегона ҳам бо ту шавад дар рафту о,
Аввалин ранҷу паноҳам ошноят медихад.
Дилфигорро пеши ҳар золим мабар руйи ниёз,
Рав Худо ҷӯю Худогу шав Худоят медиҳад!!!