Чашмам чу ба чашми он паричашм афтод
Чашмам чу ба чашми он паричашм афтод,
Аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод.
Рафтам,ки бидуздам аз ду чашмаш чашме
Аз чор тараф ба чашми ман чашм афтод.
Эй, чашми ту чашм, чашми оламро чашм
Ман чашм надидаам, чу чашми ту ба чашм
Чашмам зи миёни чашм чашми ту гузид,
Ин чашм чӣ чашмест, чӣ чашмест, чӣ чашм?