Ҳарчанд ин ки сахт шикастӣ, дили ман аст
Ҳарчанд ин ки сахт шикастӣ, дили ман аст,
Ғамгин машав, ки шиша барои шикастан аст.
Ман дӯстӣ ба ҷуз ту надорам, қасам ба ишқ
Ҳар кас ки ғайр аз ин ба ту гуфтаст, душман аст.
Чашмони ман масири туро гум намекунанд,
Фонуси ашкҳои ман азбаски рӯшан аст.
Ҳар кас ки домани мижааш тар намешавад,
Бояд яқин кунем, ки олудадоман аст.
Аз диданам дубора парешон шудӣ? Бибахш!
Чун хоби бад, сазои ман "аз ёд бурдан" аст.