Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад
Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ дарояд, навҷавонӣ бигзарад.
Эй ки дори боғу бӯстон, молу мулку мамлакат,
Боғи ту вайрона гардад, боғбонӣ бигзарад.
Эй ки дори зӯру бозу, дар ҷаҳони номдор,
Зӯри ту ҳам охир ояд, паҳлавонӣ бигзарад.
Ин аҷал ҳамчун пулест, ҷонҳо чун корвон,
Ногаҳон бини з-он пул корвоне бигзарад.
Шамси Табрезӣ, чӣ донӣ ҳолати мастони хеш.
Кори ту ҳам охир ояд, кордонӣ бигзарад.