Эй банда магӯ зи манманиҳо сухане
Эй банда магӯ зи манманиҳо сухане,
К-аз моли ҷахон бувад насибат кафане.
Дунёст хароб қаср бунёд макун,
Бо сарвати беадад дилат шод макун.
Ин дам, ки ту зиндаи ғами фардо хур,
Обод бикун бо ҳарфи Ҳак манзили худ.
Руҳат зи танат ҷудо шавад вақти ниёз,
Дарёб ту қасри охиратро ба намоз.
Яъне, ки бикуш то шавад руҳи ту пок,
Покиза равад тани гарони ту ба хок.