Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон798Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум21Аскар Ҳаким17Гулчеҳра Сулаймонӣ14Абдулқодири Бедил13Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Сафаров Эхсон Абдуллоевич1Шамси Табрезӣ1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт

👁 29

Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт, В-аз бистари офият бурун хоҳам хуфт. Бовар накунӣ, хаёли худро бифирист, То дарнигарад, ки бе ту чун хоҳам хуфт.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт

👁 19

Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт, Гирди хати ӯ чашмаи Кавсар бигирифт. Дилҳо ҳама дар чоҳи занахдон андохт, В-он гаҳ сари чоҳро ба анбар бигирифт.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст

👁 19

Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст, Дар дидаи ман зи ҳаҷр хоре дигар аст. Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд: «Берун зи кифояти ту коре дигар аст!»

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ту бадрию хуршед туро банда шудаст

👁 32

Ту бадрию хуршед туро банда шудаст, То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст. З-он рӯй, ки аз шуъоъи нури рухи ту Хуршед муниру моҳ тобанда шудаст.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ман бо камари ту дар миён кардам даст

👁 45

Ман бо камари ту дар миён кардам даст, Пиндоштамаш, ки дар миён чизе ҳаст? Пайдост аз он миён, чу барбаст камар, То ман зи камар чӣ тарф хоҳам барбаст!

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост

👁 10

Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост, Ойина ба дасту рӯи худ меорост. Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт: «Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Машнав сухани хасм, ки биншину марав

👁 23

Баргир шароби тарабангезу биё, Пинҳон зи рақиби сафла бистезу биё! Машнав сухани хасм, ки биншину марав, Бишнав зи ман ин нукта, ки бархезу биё!

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида

👁 18

Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро, Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро. Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида, Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар кӣ хоҳад, ки мубтало нашавад

👁 22

Ҳар кӣ хоҳад, ки мубтало нашавад, Пушт нанҳад ба тобаи ҳаммом.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ғизои худ зи қалои наргисе созад

👁 19

Ғизои худ зи қалои наргисе созад, Ба шарти он ки зи дигар ғизо бипарҳезад.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ

👁 30

Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ, Моро ба уқубат ба чӣ метарсонӣ? Чун нест ба дасти ҳеҷ кас, медонӣ, Дар кор ту оҷизию саргардонӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме

👁 34

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме. Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме, В-арна ба ҳазор дида бигристаме.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ

👁 24

Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ, Маъкус навиштааст номи ду Алӣ. Як лому ду айн бо ду ёи маъкус Аз ҳоҷибу анфу айн бо хатти ҷалӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ

👁 47

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ, Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ. Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар, К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй дар ду нафас умри ту афзоянда

👁 22

Эй дар ду нафас умри ту афзоянда, Бодест нафас, шавандаву оянда. Бар бод ниҳодаӣ бинои ҳама умр, Бар бод куҷо бувад бино поянда?

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Моем ба афви ту тавалло карда

👁 37

Моем ба афви ту тавалло карда, Дар тоату маъсият табарро карда. Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ

👁 16

Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ, Сармояи лаззати ҷавонист, бидеҳ. Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро Созанда чу оби зиндагонист, бидеҳ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун

👁 16

Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун, Дар махзани рӯзгор гардад махзун. Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак, Аз пардаи ғайбаш оварад ҳақ берун.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул

👁 18

Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул, Пайваста либоси ошиқӣ пӯш чу гул. Чун шамъ забони оташин дорад ишқ, Зинҳор, мабош пунбадаргӯш чу гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Самъу басар асту шамму завқ асту масос

👁 23

Самъу басар асту шамму завқ асту масос, Маҷмӯи ҳавоси зоҳир, эй мӯъҷизи нос. Пас муштарака, мухайяла, фикрату ваҳм, Бо ҳофиза дон ту панҷ ботин зи ҳавос.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос

👁 22

Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос, Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос. Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест, Бар феъли ту мекунанд зоти ту қиёс.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд

👁 55

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Дар маърифатат чу нек фикре кардам, Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Куфри чу мане газофу осон набувад

👁 60

Куфри чу мане газофу осон набувад, Муҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якею он ҳам кофир, Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд

👁 86

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд. Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ, Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад

👁 18

Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад, Аз баҳри яке фоилу мафъул омад. Бе қудрати фоиле, чу як кор нашуд, Пас, фоили ҳар ду кавн маълул омад.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино
Саҳифаи 25 аз 32