Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард, Пирит ба кофур ниҳон натвон кард. Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ, Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад, Донӣ паси пуштат зи чӣ бар мегардад? Чун дид, ки лаъли ту зумуррад дорад, Афъӣ шуду дар кӯҳу камар мегардад.
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ, Пурдурри хушоб кард паймонаи субҳ. Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта, К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ.
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист, В-ар з-он ки мудом май хурам, бадномист. Май шоҳу ҳакиму ринд бояд ки хурад, В-ин ҳар се наӣ, махӯр, ки душманкомист.
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист, Хун аст, на хуне, чӣ сабаб зиндонист? Оре, ҳама солҳо бад-ӯ арзонист, То мояи ҷон чаро бад-ин арзонист.
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофтафт. Андар дили ман ҳазор хуршед битофт, В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост?
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост? В-он оинаи худойбини ту куҷост? Хоҳам, ки таҳорате диҳам ботинро, Он лӯлашикаста лӯлаини ту куҷост?
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст. Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст, Андак тарёку беш заҳри мор аст. Дар бисёраш мазаррати андак нест, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.
Гумон барам, ки дар ин рӯзгори тира чу шаб
Гумон барам, ки дар ин рӯзгори тира чу шаб, Бихуфт чашми мурувват, бимурд модари ҷуд. Зи сайри ҳафт ситора дар ин дувоздаҳ бурҷ, Ба даҳ-дувоздаҳ сол андар ин ди
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис, Ҳар кӣ бо дунон нишинад, ҳиммати ӯ дун шавад. Чун бувад комил касе дар хиттаи кавну фасод, Ки надонад чун даромад,
Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард
Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард, Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард. В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе, Ҳама қудурати дилро сафо тавонӣ кард.
Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо
Гоҳ дар дил соз, гаҳ дар дида ҷо, Ҳар ду ҷойи туст, ё бадр-уд-дуҷо. Тӯбӣ омад қадди ту вақти хиром, Гар хиромад сӯйи мо, Тӯбӣ лано.
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ! Бо хотири хурраму дили шод бизӣ! Вайронии худ мангару ободии даҳр, Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост
Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост. Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд, То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро, Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро. В-ин фажаҳ пир зи баҳри ту маро хор гирифт, Бираҳонод аз ӯ Эзиди ҷаббор маро!
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон, Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро! На позер бояд туро, на сутун, На девори хишту на з-оҳан даро!
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс, Бонгак барбурда бар абр-андаро. Чодараке дидам рангин бар ӯ, Ранг басе гуна бар он чодаро.
Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро
Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро, Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро. Қасам бар он дили оҳан хурам, ки аз сахтӣ Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро,
Шавад рӯзе биҷӯӣ ишқи покам
Шавад рӯзе биҷӯӣ ишқи покам, Бигӯӣ аз бароят ман ҳалокам. Фиғону нолаҳо созӣ бароям, Вале афсӯс: ки ман дар зери хокам.
Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед
Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед! Дурдикаши девонаам, аз ман бигурезед! Дар дасти қазо ҷон ба лабу дида ба мино, Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳарҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омуз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас куҷо пардози охир.
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем, Дебо натавон кардан аз ин пашм, ки риштем. Бар ҳарфи маосӣ хати узре накашидем, Паҳлуи кабоир ҳасаноте нанавиштем.
Шодии дунё саросар ғам бувад
Шодии дунё саросар ғам бувад, Сури ӯро дар ақиб мотам бувад. Шодмониро надорад дӯст Ҳақ , Ин сухан дорам зи устодон сабақ.

