Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон803Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум22Аскар Ҳаким17Абдулқодири Бедил15Гулчеҳра Сулаймонӣ14Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Эраҷ Шокирӣ2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Шарифҷон Махдум Садри Зиё1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед

👁 93

Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед! Дурдикаши девонаам, аз ман бигурезед! Дар дасти қазо ҷон ба лабу дида ба мино, Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед

Саноии Ғазнавӣ
Саноии Ғазнавӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 108

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳарҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омуз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст

👁 74

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас куҷо пардози охир.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем

👁 75

Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем, Дебо натавон кардан аз ин пашм, ки риштем. Бар ҳарфи маосӣ хати узре накашидем, Паҳлуи кабоир ҳасаноте нанавиштем.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шодии дунё саросар ғам бувад

👁 75

Шодии дунё саросар ғам бувад, Сури ӯро дар ақиб мотам бувад. Шодмониро надорад дӯст Ҳақ , Ин сухан дорам зи устодон сабақ.

Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Бародар он бувад, ки рӯзи сахтӣ

👁 119

Бародар он бувад, ки рӯзи сахтӣ, Туро ёрӣ кунад дар тангдастӣ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чу доно туро душмани ҷон бувад

👁 44

Чу доно туро душмани ҷон бувад, Беҳ аз дӯстмарде, ки нодон бувад. Ба омӯхтан чун фурӯтан шавӣ, Суханро зи донандагон бишнавӣ.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак

👁 33

Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак, Ҳақ нигаҳ дор, ки ман меравам, аллоҳ маак. Туй он гавҳари покиза, ки дар олами қудс Зикри хайри ту бувад ҳосили тасбеҳ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

То чанд асири рангу бӯ хоҳи шуд

👁 40

То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд, Чанд аз пайи ҳар зишту некӯ хоҳӣ шуд. Гар чашмаи замзамию гар оби ҳаёт, Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Мабар дарс аз ёд

👁 82

Гуфт устод: «Мабар дарс аз ёд!» Ёд бод он чӣ маро гуфт устод! Ҳеҷ ёдам наравад ин маънӣ, Ки маро модари ман нодон зод.

Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо

То тавонӣ хеҷ гоҳ ғайбат макун

👁 26

То тавонӣ хеҷ гоҳ ғайбат макун, Ғайри шайтон бар касе лаънат макун. Ҳар кӣ ғайбат мекунад, ӯ банда нест, Назди Аллоҳ лоиқи арзанда нест.

Ш
Шоири номаълум

Наёбад ҳеч кас умри дубора

👁 24

Наёбад ҳеч кас умри дубора, Ба илме рав, к-аз онат нест чора.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Расми сагон аст ба ҳар сӯ нигоҳ

👁 73

Расми сагон аст ба ҳар сӯ нигоҳ, Шер сарафканда хиромад ба роҳ.

Амир Хусрави Деҳлавӣ
Амир Хусрави Деҳлавӣ

Ту бар тахти султонии хеш бош

👁 37

Ту бар тахти султонии хеш бош, Ба ахлоқи покиза дарвеш бош.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Мағрур машав ба мол чун бехабарон

👁 29

Мағрур машав ба мол чун бехабарон, Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз мукофоти амал ғофил машав

👁 98

Аз мукофоти амал ғофил машав, Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд

👁 36

Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд, Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Накӯ гуфт донандаи несту ҳаст

👁 37

Накӯ гуфт донандаи несту ҳаст: Маро дӯсти нек аз бародар беҳ аст.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал

👁 28

Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал, Нигаҳ, кун охири кораш ба аввал.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ

👁 27

Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ, Ақл ҷон асту дониш аст тани ӯ.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Ҳар ки кирдори бад раво бинад

👁 51

Ҳар ки кирдори бад раво бинад, Худ зи кирдори бад ҷазо бинад.

Амир Хусрави Деҳлавӣ
Амир Хусрави Деҳлавӣ

Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст

👁 28

Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст, Бар ҳама кораш тавоноияст.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Навмед набояд шудан аз гардиши айём

👁 61

Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

👁 163

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки ӯ бо дӯстон якдил бувад

👁 39

Ҳар ки ӯ бо дӯстон якдил бувад, Ҷумла мақсуди дилаш ҳосил бувад.

Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Саҳифаи 27 аз 33