Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Шодии дунё саросар ғам бувад

Шодии дунё саросар ғам бувад, Сури ӯро дар ақиб мотам бувад. Шодмониро надорад дӯст Ҳақ , Ин сухан дорам зи устодон сабақ. Гар фараҳ дорӣ зи фазли ҳақ равост, Лек аз дунё фараҳ ҷустан хатост. Кард Эзид мар-туро аз нест ҳаст, Аз барои он, ки бошӣ Ҳақпараст, То ту бошӣ, бандаи маъбуд бош. Бо ҳаёву бо сахову ҷуд бош.