Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо

Мабар дарс аз ёд

Гуфт устод: «Мабар дарс аз ёд!» Ёд бод он чӣ маро гуфт устод! Ҳеҷ ёдам наравад ин маънӣ, Ки маро модари ман нодон зод. Падарам низ чу устодам дид, Гашт аз тарбияти ман озод. Пас маро миннат аз устод бувад, Ки ба таълими ман устод истод. Ҳарчи медонист омухт маро, Ғайри як асл, ки ногуфта ниҳод. Қадри устод наку донистан, Ҳайф, устод ба ман ёд надод. Гар бимурдааст, равонаш пурнур В-ар бувад зинда, Худо ёраш бод!