Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Нима
Нима номус, нима виҷдон Нима ҷавҳар, нима имон, Нима озод, нима маҳбус, Нима масрур, нима афсӯс,
Гоҳо зи сари ғурури савдогари хеш
Гоҳо зи сари ғурури савдогари хеш Аз ёд барем раҳбару ёвари хеш. Чун кӯдаки нотавон барорад дандон, Бинӣ, ки газид синаи модари хеш.
Солам бигузашту гарчи ман солорам
Солам бигузашту гарчи ман солорам, Армон наравад зи синаи афгорам. Ку тифлӣ, к-аз ғаме бигирям осон? Ку бӯсаи модар, ки барад озорам?!
Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад
Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад, Ҳайфи он шоме, ки дар талвосаи ҷон бигзарад. Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон, бозомаданд, Он мабодо, ҳасрати мо
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам, Беҳуда чу корест, раҳи бод нагирам. Чун бод давон бигзарам аз бодияи умр, Чизе зи ҷаҳон дар дилу дар ёд нагирам.
Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ
Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ, Ба ногоҳе ба мулки кӯҳсоре, Ту худро хеҷ гаҳ бегона машмор, Гар ин ҷо ошное ҳам надорӣ.
Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир
Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир, Бигзор ту лофи пурфаниро. Зеро, ки дил аст ҷойи имон, Дар дил медор муъминиро!
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
Баҳри маънӣ Ҳисоми миллату дин
Баҳри маънӣ Ҳисоми миллату дин, Эй мафохир, ба гавҳари ту ақул! Ҳалли ҳар мушкиле, ки дар сухан аст, Карда бар хотири ту ҷумла ҳулул.
9. Оғози достон
Сухангӯй деҳқон чӣ гӯяд нахуст, Ки тоҷи бузургӣ ба гетӣ кӣ ҷуст? Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод? Надорад кас аз рӯзгорон ба ёд.
7. Гуфтор дар бунёд ниҳодани китоб
Дили равшани ман чу баргашт аз ӯй, Сӯи тахти шоҳи ҷаҳон кард рӯй, Ки ин номаро даст пеш оварам, Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.
6. Достони дақиқии шоир
Чу аз дафтар ин достонҳо басе Ҳаме хонд хонанда бар ҳар касе, Ҷаҳон дил ниҳода бад-ин достон Ҳама бихрадон низу ҳам ростон.
5. Гуфтор андар фароҳам овардани Шоҳнома
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд, Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд. Сухан ҳарчӣ гӯям, ҳама гуфтаанд, Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.
4. Ситоиши пайғамбар ва ёронаш
Туро донишу дин раҳонад дуруст, Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст. Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд, Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,
1. Гуфтор андар офариниши мардум
Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид, Шуд ин бандҳоро саросар калид. Сараш рост бар шуд чу сарви баланд, Ба гуфтори хубу хирад корбанд,
Гуфтор дар офариниши олам
Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст, Сари мояи гавҳарон аз нахуст. Ки Яздон зи ночиз чиз офарид Бад-он, то тавоноӣ омад падид.
Гуфтор андар ситоиши хирад
Кунун, эй хирадманд, арҷи хирад Бад-ин ҷойгаҳ гуфтан андархурад, Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзад-т дод, Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Биноҳои обод гардад хароб
Биноҳои обод гардад хароб, Зи борону аз тобиши офтоб. Пай афкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд.
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш, Ки бурд расму асар гардиши маҳу солаш. Кадом кох сарафрохт з-ин нишемани хок Ки дастбурди ҳаводис накард помолаш.
Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш
Нигори ман, ки бошад хона аз кӯи вафо дураш, Набинам хонае дар шаҳр дур аз фитнаву шӯраш. Ҷамолаш боғи пурмеваст, ғӯриваш ғаразнокон Худоё, дар паноҳи хеш дор а
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд, Дорам ҳамин мурод, к-аз он хоки дар ниҳанд. Пайкони ту сурх шавад з-онташи дилам, Хуш он ки баҳри доғ маро бар ҷигар н
Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст
Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст, Боз дар хонаи ҷон шамъи ҳаёт омадааст. Нест андешаи инсону малакро гузаре, Пеши ҳусни ту парӣ бас ба закот омадаас
Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро
Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро, Шояд нуҳуфта монад ин рози ошкоро. Моро чу мум бигдохт ин оташи муҳаббат, То чанд бошадат дил дар сина санги хоро?
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро, Баргузидам зи ҷаҳон гӯшаи танҳоиро. Қасди ман баҳри нигоҳе зи мурувват дур аст, Кас гунаҳкор накардаст тамошоиро.
