Баҳри маънӣ Ҳисоми миллату дин
Баҳри маънӣ Ҳисоми миллату дин,
Эй мафохир, ба гавҳари ту ақул!
Ҳалли ҳар мушкиле, ки дар сухан аст,
Карда бар хотири ту ҷумла ҳулул.
Аз муҳиббони худ ба тақсире
Хотири нозукат мабод малӯл!
Дар аёдат агар тасоҳул рафт,
Ту каримиву узри ман мақбул.
З-он нашуд фурсате ба пурсиши ту,
Ки ба марсия будаам машғул.