Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт,
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт, В-аз нӯши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт. Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт,
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт, Мискин дили ранҷури ман аз дард гудохт. Гӯё ки зи рӯзгор дарде дорад, Ин дард, ки дар пои ту худро андохт.
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб Гирдоби ҳазор киштии сабру шикеб. Ҳар оинае, ки ғайри ҳусни ту бувад, Хонад хирадаш сароби саҳрои фиреб.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро,
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро, Дӯзах бадро, биҳишт мар неконро. Дунё Ҷамрову Қайсару Хоқонро, Ҷонон морову ҷони мо ҷононро.
Он ришта, ки қуввати равон аст маро,
Он ришта, ки қуввати равон аст маро, Оромиши ҷони нотавон аст маро Бар лаб чу кашӣ, ҷон кашадам аз паи он, Пайванд чу бо риштаи ҷон аст маро.
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё, К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо, Рӯзе, ки «аналҳақ» ба забон меовард, Мансур куҷо буд?- Худо буд, Худо.
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро,
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро, Муртоз кунӣ ба тарки дунё ҷонро. Тарки дунё, на зӯҳди дунё, зеро-к Наздики хирад зӯҳд бихонанд онро.
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.
Сарнавиштро бояд аз сар навишт
Сарнавиштро бояд аз сар навишт, Шояд ин бор каме беҳтар навишт. Ошиқиро ғарқи дар бовар навишт, Ғуссаҳоро қиссаи дигар навишт.
Аз куфру ислом бурун саҳроест
Аз куфру ислом бурун саҳроест, Моро ба миёни он фазо савдоест. Ориф чу бадон расид, сар барбинеҳад, На куфру на ислому на он ҷо ҷоест.
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ, Мафуруш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ. Ба асо шикоф дарё, ки ту Мусии замонӣ, Бидарон қабоҳи маҳро, ки зи нури Мус
Ин куҷову он куҷо
Донаи фил-фил сиёҳу холи маҳбубон сиёҳ, Ҳарду , ҷонсӯзанду, аммо ин куҷову он куҷо. Домани духти ҷавону чеҳраи мардони пир, Ҳарду чиндоранду, аммо ин куҷову он
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст, Диққат бикунӣ, нури Худо дар дили хонаст. Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашика
Мусулмонон! Зи дур ояд садое
Мусулмонон! Зи дур ояд садое, Садои ҷонгудозе, ғамфизое. Надонам, куҷо шабхун зада гypг, Вале донам, ки нолад ошное.
Ин кинаварон боз бо найранги дигар
Ин кинаварон боз бо найранги дигар, Доранд фари фитна бо оҳанги дигар. Фарёд, ки ин шуъбадабозон ҳар рӯз, Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ, Чун боди баҳор ҷонфазо меоӣ. Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор, Чун хона хароб шуд, куҷо меоӣ?
Ятиме, дардманде, бенавое
Ятиме, дардманде, бенавое, Баровард аз дили саҳро садое: «Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед, Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷойе».
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ? Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ? То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям, Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Сирри офариниш
Зи ҳасту нест олам офариданд, Зи хоки роз одам офариданд. Дили мо пурра мегардад замоне, Ба ӯ дастовари ғам офариданд.
Сози ҳастӣ
Аз азал монанди Одам вожапардозе набуд, Сурате буд, ҳар ду гетӣ ҳарфу овозе набуд. Дил агар пайдо намебуд дар макону ломакон, Сози ҳасту нестиро нағмаи розе наб
Илҳоми гумгашта
Аё илҳоми ман, рафтӣ куҷое, Кунун мондам дар ин меҳнатсарое. Саросар аз фироқат гашта маҳзун, Зи осмон барф борад, аз дилам хун.
Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро
Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро, Зина гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро Нардбон боло барад... аммо на ҳар кас дар ҷаҳон, Меравад болою мегардад яке