Сирри офариниш
Зи ҳасту нест олам офариданд,
Зи хоки роз одам офариданд.
Дили мо пурра мегардад замоне,
Ба ӯ дастовари ғам офариданд.
Ҷаҳон то ташнарафторе набошад,
Зи оби чашми мо ям офариданд.
Басо ояд башар имрӯзу фардо,
Бузургонро вале кам офариданд.
Суруре мемирад ҳар лаҳза дар дил,
Дили мо кохи мотам офариданд.
Падиди зиндагӣ кори гарон буд,
Фузун нокарда як дам офариданд.
Фалак хамгашта аз бори ғаме нест,
Зи аввал қоматаш хам офариданд.