Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Сози ҳастӣ

Аз азал монанди Одам вожапардозе набуд, Сурате буд, ҳар ду гетӣ ҳарфу овозе набуд. Дил агар пайдо намебуд дар макону ломакон, Сози ҳасту нестиро нағмаи розе набуд. Коиноти ишқро тай менамояд бехудӣ, Бе ҷунунӣ ишқ моро боли парвозе набуд. Чашми сар аз бекарони лаззате натвон гирифт, Як сари миҷгон, ки онро чашмандозе набуд. З-он тилисми беҳудудӣ меравад берун хаёл, Пой бар ҷо мешудӣ, гар ҷилваи нозе набуд. Сози дилро менавозад зиндагиву марги мо, Шодию ғамҳои моро пардаи созе набуд. Олам гар монанди чашм аст, одамӣ ранги сиришт, Ғайри оҳанг ашкҳоро пояндозе набуд. Ҳар гаҳе Сармад фурӯ мерафт дар жарфи вуҷуд, Дар вуҷуди ӯ ба ғайри дил сухансозе набуд