Дӯшизаи хуршед
Бод орад атри минӯи зи боғи бомдод,
Ғунчаҳои рушанӣ андар дарахтонам кушод.
Пири шаб ганҷинаҳо дар кӯлбораш рафта буд,
Аз шикофи кӯлвораш гавҳари ахтар фитод.
Субҳ чун дӯшизае аз парниёни хоб хест,
Ӯ зуҷоҷи симгун бигрифта худ оро бидод.
Ҳар кӣ ҳусни ӯ бидид, ангушти ҳайрат мегазид,
Ҳамшабеҳа ҳеҷ гоҳе модари гетӣ назод.
Меравад дӯшизаи хуршед андар рахши вақт,
Гар фаромӯшаш кунад дил, он дили Сармад мабод