Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Қисмати ман

Рӯ ба поиз дораму дар дил баҳорам додаанд, Гаҳ гулу гоҳе хазон дар шохсорам додаанд. Дар адам ҳам ранҷи ҳастӣ мекашидам солҳо, Аз набудӣ то ба будӣ дӯшборам додаанд. Сангари неку бадӣ андар синаам поянда нест, Марзи дилро аз барои корзорам додаанд. Ҷони пуршӯри маро ҳар ду ҷаҳон танг аст, лек, Аз кафи хоке чунин кӯчакҳисорам додаанд. Ҷуз ғаму шодӣ надорад кулбораш барги раҳ, Роҳи пуршебу фарози беканорам додаанд. Бар сари ман рӯзу шаб хуршеду моҳ бошад кулоҳ, Аз дарахти зиндагонӣ дастворам додаанд. Мансури андешаи ман гарчи ҳақгуфтор буд, Зумраи ноҳақсириштон сар ба дорам додаанд.