Металабам
Атри зулфони ту аз боди сабо металабам,
Акси зебои ту аз чеҳранамо металабам.
То наронӣ зи тамошои рухат мардуми чашм,
Раҳмро бар дили ту ман ба дуо металабам.
Лаб бар он чашмаи нӯшат бубарам ташнаҷигар,
Бар фаноям зи лабат оби бақо металабам.
То ба зебоии ту саҷда кунам рӯзу шабон,
Офтобу маҳу анҷум зи само металабам