Хуш омадӣ
Дар синаи ғамбори ман меҳри Худо, хуш омадӣ,
Эй нури мутлақ бар дилам аз кибриё, хуш омадӣ.
Дар гӯши ҷонам нағмаҳо аз сози аршат мерасад,
Эй ромиши гардуншукӯҳ, аз баҳри мо хуш омадӣ.
Равшангари афкори ман, донандаи асрори ман,
Мушкилкушои кори ман, ақли расо, хуш омадӣ.
Ман масти ишқам аз азал, боке надорам аз аҷал,
Дарди фано аз ман бирав, сури бақо, хуш омадӣ.
Дарди маро андар адам чун ӯ табобатгар набуд,
Имрӯз, эй ҳастии ман, баҳри сафо, хуш омадӣ.
Садҳо ҷаҳонро як даме бар дил намоиш медиҳӣ,
Пиндори ҳақрафтори ман, гетинамо, хуш омадӣ.
Сармад, ҷаҳон дилхона буд, бе дил ҷаҳон вайрона буд,
Як лаҳза дар ин дилсаро, баҳри дуо, хуш омадӣ.