Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Аз ман аст

Хокбунёдам, вале гардуни воло аз ман аст, Офтобу моҳу ахтарҳои мино аз ман аст. Гар замину осмон суратсарое беш нест, Бо ҳазор ангораи чашми тамошо аз ман аст. Лолаи армони ман гулгун намояд дашти дил, Ман баҳорам, ташти хунлабрези саҳро аз ман аст. Захма бар тори адам зан нағмасози зиндагӣ, Ромиши буду набуди ҳар ду дунё аз ман аст. Дафтари олам тиҳӣ аз вожаи асрор буд, Ҳар куҷо ҳарфе падид омад, муаммо аз ман аст. Он қадар андешаам бар жарфи ашё бингарад, Сирати ҳар будаеро ранги маъно аз ман аст. То хаёлам густариш ёбад, дили Сармад бигуфт: Аз замири зарраҳо то арши аъло аз ман аст.