Сарнавиштро бояд аз сар навишт
Сарнавиштро бояд аз сар навишт,
Шояд ин бор каме беҳтар навишт.
Ошиқиро ғарқи дар бовар навишт,
Ғуссаҳоро қиссаи дигар навишт.
Аз куҷо ин бовар омад, ки гуфт,
Гар равад сар бар нагардад сарнавишт.
Гул бикорем, аз дили гил, гул барорем,
Дар зимистон, дар баҳорон зери борон гул бикорем,
Гар бихоҳем гар нахоҳем боғбони рӯзгорем.
Гар ту рӯзеро зи ин бози бидонӣ, нуктаи рамзаш бихонӣ,
Лаҳзаҳои зиндагонӣ чун мавҷи дарёст,
Гарчи сарду сахт зебост.
Мавҷи ин дарё гарат аз сар гузаштааст,
Сарнавиштат аз сар гузаштааст.
Бар фарози қуллаи бовар сафар кун,
Боли худро бозтар кун.
Ҳамчун Ҳофиз пойкубону ғазалхон,
Лашкари ғамро бисӯзон.
Дар фалак сақфе намонда ин замона,
Пар бизан то бекарона.
Сарнавиштро бояд аз сар навишт,
Шояд ин бор каме дигар навишт.