Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2415

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1579

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1339

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1305

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 994

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 973

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 951

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 774

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 739

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 718

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 669

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 659

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 632

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Забон гумкарда

👁 630

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 617

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 597

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 584

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 579

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 553

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хандаи лола

👁 541

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 537

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 531

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худо гар парда бардорад

👁 524

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Шони муаллим

👁 520

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Тоҷикистон

👁 508

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бозор Собир
Бозор Собир

Ҳамаи шеърҳо

Татаббуъ бар ғазали худ

👁 3

Эй ба зери фалакат нест мадоре пайдо, Ҳар қадар роҳравӣ, ҳаст ғуборе пайдо. Андар ин базм чу бе нашъа нишинӣ хуш нест, Май хуру бода кашу соз хуморе пайдо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Осмон то накунад ҳеҷ қароре пайдо

👁 7

Осмон то накунад ҳеҷ қароре пайдо, Ки кунад баҳри дили мо сару коре пайдо. Ғами айём махур, сар ба сар осуда нишин, Оқибат хоҳад шуд роҳгузоре пайдо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Ҳой-ҳойе дорад охир ишқи шӯрангези мо

👁 9

Ҳой-ҳойе дорад охир ишқи шӯрангези мо, Кас ба майдон во намеояд паи истези мо. Ҳола андар гирди моҳи рӯи ӯ беваҷҳнест, Ҳеҷ оромӣ надорад дидаи хунрези мо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Илоҳо, ҳамдами таъсир кун оҳу фиғонамро

👁 7

Илоҳо, ҳамдами таъсир кун оҳу фиғонамро, Ба гулзори муҳаббат ҷой деҳ сарви равонамро. Ман ин афсона сар кардам зи фазлат, баски нодонам, Зи шавқат пухта кун, ма

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Татаббуъ бар ғазали худ

👁 12

Боди сабо расонд магар рафтани туро, Гул то ба сабза карда чаман ҷома хобҳо. Баҳри Худой, бар дили бечорагон мапеч, Зулфи турост тоқати ин печутобҳо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Гул дар чаман зи рӯи ту дорад ҳиҷобҳо

👁 6

Гул дар чаман зи рӯи ту дорад ҳиҷобҳо, Бардор баҳри хотири булбул ниқобҳо. Майхонаро зи рӯи ту аз бас тароват аст, Дар хок рехт аз дили мино шаробҳо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Татаббуъ бар ғазали худ

👁 7

Қотили моро набошад ҳеҷ ғам аз қатли мо, Хунбаҳои мо бувад афканда аз кӯи Шумо. Эй фарангизода, ороме надорад ин ғариб, Рӯзу шаб ҳар ҷо равад бе холи ҳиндӯи Шум

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯи Шумо

👁 4

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯи Шумо, Нест моро тоқате бе дидани рӯи Шумо. Судаи алмосро бар захми мо марҳам ниҳед, Хунбаҳои мо нигоҳи чашми ҷодӯи Шумо.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Илоҳо, ҳамнишини дард кун оҳу фиғонамро

👁 3

Илоҳо, ҳамнишини дард кун оҳу фиғонамро, Зи баҳри лутфи худ сероб кун теғи забонамро. Ман он мурғам, ки гарму сарди оламро намедонам, Ба зери боли лутфи хеш ҷо

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Моҳи бурҷи шараф, эй духти Шаҳи оламгир

👁 6

Моҳи бурҷи шараф, эй духти Шаҳи оламгир, Кард бо Муштарии саъд қирон аз тақдир. Ин на он ақди никоҳ аст, ки ақли даррок, Ҳусни анҷоми варо кард тавонад тақрир.

Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Маснавӣ

👁 12

Ало, эй сабо, рав, сари хеш гир, Замоне раҳи дӯстӣ пеш гир. Чу оҳи дили ошуфтагон гарм рав, Саҳаргаҳ ба атрофи Хоразм рав.

Н
Носири Бухороӣ

Қитъае дар шикоят аз пирӣ

👁 13

Шуд душмани ҷавонӣ мӯйи сапед бар сар, Он беҳ, ки ҷойи душман болои сар набошад. Сар ҳамчу субҳи козиб бевақт шуд сапедам, Шоме зи субҳи пирӣ ториктар набошад.

Н
Носири Бухороӣ

Қитъа

👁 9

Носир, инсоф аз ҷаҳон маталаб, Ки дар офоқ аз ӯ наёбӣ гард. Хусрави одиле намонд магар, Тоҷдорӣ хурӯс хоҳад кард.

Н
Носири Бухороӣ

Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад,

👁 8

Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад, Ки нест маскани маълум мӯри мискинро. Мани ғариб чу шоҳини чашмбаставу боз Мураббие на, ки гӯяд ба пеши шоҳ инро.

Н
Носири Бухороӣ

Фалаки филзӯри фарзингард

👁 13

Фалаки филзӯри фарзингард Оқибат қасди асби Носир кард. Шоҳ агар дафъи зулми ӯ накунад, Банда монад пиёда бо рухи зард.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст,

👁 6

Ҳарфи ишқ аз сари забон дур аст, Шарҳи ин оят аз баён дур аст. Эй ба ҳирсу ҳаво камарбаста, Ин ҳикоят аз он миён дур аст.

Н
Носири Бухороӣ

То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад,

👁 14

То Ҳақ зи ҷаҳониён малулам накунад, Шоистаи даргоҳи қабулам накунад. Тарси ту аз он аст, ки хокат бихӯрад, Бими ман аз он, ки худ қабулам накунад.

Н
Носири Бухороӣ

Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд,

👁 6

Ҷуз ман ба дами саҳаргаҳӣ маст кӣ шуд, Бе май ба самоъи хиргаҳӣ маст кӣ шуд? Аз ҳуш биравам, чу бӯйи наргис шунавам, Бар бӯйи пиёлаи тиҳӣ маст кӣ шуд?

Н
Носири Бухороӣ

То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд,

👁 6

То ҷилди ҷарида дар ҷаҳон хоҳад буд, Пайваста ба дасти дигарон хоҳад буд. Май нӯшу аз ин ҷарида бархон ғазале, К-ин олами фонӣ гузарон хоҳад буд.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳоли мани хоксор мебину мапурс,

👁 11

Ҳоли мани хоксор мебину мапурс, Месӯз аз интизор, мебину мапурс, Савдозадае чу ман наёмад ба ҷаҳон, Инак ману рӯзгор, мебину мапурс.

Н
Носири Бухороӣ

Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат,

👁 8

Ашкам чу ақиқ аст зи дурҷи гуҳарат, Пуштам чу камон гашт зи тири назарат, Эй аҳди ту ҳамчу зулфи ту ҷумла шикан В-эй ваъдаи ту тиҳимиён чун камарат.

Н
Носири Бухороӣ

Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам,

👁 7

Дӣ ғарқи арақ дар офтобаш дидам, Ҳамчун гули тоза беҳиҷобаш дидам. Дидам ба ҷамоли ӯ ҷаҳонро, з-он рӯ Чун мардумаки дида дар обаш дидам.

Н
Носири Бухороӣ

Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт,

👁 8

Дарди дилам аз шумори дафтар бигузашт, Ин қисса ба ҳар маҳфилу маҳзар бигузашт. Ин воқеа дар ҷаҳон шунидаст кассе? Ман ташнаи обу обам аз сар бигузашт.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест,

👁 7

Ҳарчанд ба чолокии он дилбар нест, Моро тамаъи висоли ӯ дарх(в)ар нест. Зӯру зару зорияст сармояи ишқ, Зорӣ нахарад, зӯр надорам, зар нест.

Н
Носири Бухороӣ

Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ,

👁 7

Гар ҳамчу ман афтодаи ин дом шавӣ, Эй бас ки хароби бодаю ҷом шавӣ. Мо ошиқу ринду масту оламсӯзем, Бо мо манишин, в-агарна бадном шавӣ.

Н
Носири Бухороӣ
Саҳифаи 72 аз 1002