Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Осмон то накунад ҳеҷ қароре пайдо

Осмон то накунад ҳеҷ қароре пайдо, Ки кунад баҳри дили мо сару коре пайдо. Ғами айём махур, сар ба сар осуда нишин, Оқибат хоҳад шуд роҳгузоре пайдо. Даст бардоштан аз кӯ ю макон осон нест, То кунад ошиқи саргашта нигоре пайдо. Дили вайрони маро кист, ки обод кунад, Ин чаманро набувад абри баҳоре пайдо. Ҳалқаи зулфи бутон доми дили шайдоист, Сарбасаҳ розадагонрост шикоре пайдо. Қомати хамшудаи мо накунад майли қиём, Заъфдилро шуда имрӯз мадоре пайдо. Хоки мо мегузарад аз сари иқболи ҷаҳон, Нест осудатарам синафигоре пайдо. Дил ба хун ғӯта заду қимати лаъле гул кард, Ин таманно шуда дар ҳар сари хоре пайдо. Дониш аз тарки ҷаҳон ҳоли ту осуда нашуд, Беҳтар он аст кунӣ лолуъзоре пайдо.

Китобҳои муаллиф