Татаббуъ бар ғазали худ
Эй ба зери фалакат нест мадоре пайдо,
Ҳар қадар роҳравӣ, ҳаст ғуборе пайдо.
Андар ин базм чу бе нашъа нишинӣ хуш нест,
Май хуру бода кашу соз хуморе пайдо.
Лола аз саркашии хеш ба дил дорад доғ,
Хам шаву зери бағал соз аноре пайдо.
Чашми хунбори ман аз гиря куҷо осояд,
Кай дар ин баҳр бувад ҳеҷ каноре пайдо?
Зарра аз ҷилваи хуршед фаройиш дорад,
Ошиқонро набувад ҳеҷ шуморе пайдо.
Дил зи каф додани ушшоқ бувад ақди тамом,
Теғи моро набувад ҳеҷ хиёре пайдо.
Дониш он вақт, ки аз себи биҳишт таъмидӣ,
Ҷурми моро набувад ҳадду каноре пайдо.
