Омадӣ, ором шуд дилҳои беоромро
Омадӣ, ором шуд дилҳои беоромро,
Шод кардӣ аз карам ин хастаи нокомро.
Он қадар муштоқи гуфтори туям аз ташнагӣ,
Худ ба ҷои лутф дорам хории дашномро.
Қайсар аз қасраш нагун уфтад, ниҳебе нашнавад,
Чӯб бар сар бишканад аз ҳастият Баҳромро.
Душман аз хавфат агар дар санги хоро ҷо кунад,
Шишаи бахташ чу сангат бишканад бодомро.
Ханҷар аз дасти адӯ аз бехудӣ уфтад ба хок,
Аз ниёми қаҳр агар берун куни қамқомро.
Шӯхии чашмат агар дар ҷӯш орад синаро,
Зери по гирад даруни хона саҳни бомро.
Гар маи лутфат гаҳе дар хотири мо ҷо кунад,
Мепазад ҳар лаҳза дар дил сад хаёли хомро.
Гар тақозои талаб дорад зи мо абри карам,
Вом созад аз гадо дастури мо ибромро.
Шавқи мо афсурда шуд аз толеи носози мо,
Чанд бе оташ пазам ин ваъдаҳои хомро.
Аз паи ташҳизи хотир чанд байте гуфта шуд,
В-арна кай сайде фитад ин доми бе анҷомро.
Аз тамаъ ҳаргиз наёсояд касе дар зери чарх,
Дониш аз дил дур кун ин риштаи авҳомро.
