Он қадар дурам зи лутфу марҳамат, чун дам занам
Он қадар дурам зи лутфу марҳамат, чун дам занам,
Толее дорам наярзад хории дашномро.
Талхком аз бахти ноҳинҷори худ ҳастам, чунон-к,
Ҳалқи кас ширин нагардад хӯрд агар ҳалвомро.
Дар шаҳодатгоҳи имкон кист то ёбад амон,
Захми тири ҷонгудози абрӯи Баҳромро.
Хасмро дил аз ниҳебат пора гардад дар масоф,
Аз ниёми хашм агар берун кашӣ қамқомро.
Хирагӣ кардам, нашуд мақсуд ҳосил, лоҷарам,
Аз қаноат ҳар замон ҳосил кунам икромро.
Дар зуҳуру дар бутун якранг бо неку бадам,
Кай ҷудо созам зи имон маънии исломро.
Нестам муллову шоир, ҳам на маънипарварам,
Андар ин иқлим охир чистам афҳомро?.
Хоҷа аз ҳиммат надорад ҳеҷ кӯтоҳӣ, вале,
Толеи мо баста дорад мунқизи инъомро.
Ҷавзу лавзу пиставу бодом дар ҳукми шумост,
Дур набвад гар карам созанд ин нокомро.
Гар ба маҳзи фазли худ лутфе кунад, набвад муҳол,
Нестам фозил, ки то даъво кунам инъомро.
Шоҳкутоҳӣ намеорад зи ҳиммат Донишо,
Толеи мо баста дорад мунқизи инъомро.
