Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Ё Ҳаётаддаҳр, лутфе бо мани маҳзун намо

Ё Ҳаётаддаҳр, лутфе бо мани маҳзун намо, Чеҳраи лайливашон бо дидаи Маҷнун намо. Фикри мо дар ин диёр аз маслиҳат берунтар аст, Хайрбодат мекунам, акнун раҳи ҳомун намо. Ҳикмати беҳикматӣ охир туро дар хок бурд, Корам аз ҳикмат гузашт, эй хок Афлотун намо. Баҳри Уммон дар талотум, толиби дидор нест, Дидаи моро ба ӯ аз соҳили Ҷайҳун намо. Хокро дар бениёзиҳо ба мо хотир хуш аст, Баҳр агар ғайрат барад, бар мо дари макнун намо. Тӯтиёи дидаи ибрат ғубори мо нашуд, Зуд бархез, эй ҷунун, бо мо раҳи Маҷнун намо. Сар ба ҷайби фикр кун, файз аз дили хомӯш бар, То яке з-ин нағмаҳои дур аз Қонун намо. Шоҳидон аз қасри Заҳҳокат тамошо мекунанд, Хешро болотар аз Кайвони Афридун намо. То ба кай дар зери бори миннати Золи фалак, Дасти худ кӯтоҳ аз домони ин хотун намо. Мағзи бемағзӣ димоғатро ба ҷӯш овардааст, Рав сабӯсу гандуми худро ба ин тоҳун намо. Гул чӣ парвои ту дорад, булбулон-ш аз пешу пас, Сайри ин гулшан ҳавас дорӣ, диле пурхун намо. Ҷазбаи ин шарбати талх аз дили худ дур кун, Завқи тарёк он кӣ дорад, ҳуққаи афюн намо. Дониш аз дил кай ғуборат мебарад ин шеваҳо, Шустушӯе гар ҳамехоҳӣ, ба ин собун намо.

Китобҳои муаллиф