Ғазалвораи “Ислоҳот”
Сурати ислоҳдур уфтода аз таҳрири мо,
Хомаи Монӣ надорад тоқати тасвири мо.
Мо гуноҳи худ ниҳон то кай кунем аз чашми халқ,
Муҳтасиб то кай кашад ташвир аз тазвири мо.
Зоҳид ар парҳез кард аз суҳбати мо, дур нест,
Бӯи хамри маъсият меояд аз тахмири мо.
Ғайри бигзаштан зи ғайру ганҷи беҳад ёфтан,
Доруи дигар надорад ғайр аз ин иксири мо.
Ғарқаи дарёи раҳматро чӣ бок аст аз гуноҳ,
Мегурезад як тараф тавфиқ аз тазкири мо.
Пардаи лутфи азал моро ба сар афкандаанд,
В-арна ҳар дам муҳтасиб хоҳад кунад таъзири мо.
Чун камон қомат хамиду қуввати бозӯ намонд,
Бар ҳадаф ҳаргиз наёмад рост яксар тири мо.
Нақши ҳиммат нест пайдо дар ҷабини ҳеҷ кас,
Зердасти ҳирс мебошад ҷавону пири мо.
З-истимоъи қавли беҷо гӯши мардум мумталист,
Ҷои холӣ нест ҷо ёбад дар ӯ тазкири мо.
Гуфтугӯи мо зи ҳад бигзашту хомӯшем мо,
Сатр дар сатр аст ёрон пардаи ташҳири мо.
Давлати сармад ба нақши фақр тавъам будааст,
Қомати хам дур кай созад зи қолу қири мо.
Сози бесозӣ зи мо дар пардаи бедардиҳо,
Нолаи мо дур уфтодаст аз таъсири мо.
Ҳеҷ касро дасти қудрат нест бар девонагон,
Гар Сулаймон аст, оҷиз ояд аз тасхири мо.
Ҳеҷ кас бар мунтаҳои кори мо огоҳнест,
Чун Сикандар зулмате дорад зи пай танвири мо.
Мо зи саргардонии худ сар ба сар дар ҳайратем,
Ҳеҷ дасторе нашуд ҳосил ҳам аз таквири мо.
Сар ба сар санҷида сар то пои мо зуннори ишқ,
Эй мусулмонон, чӣ ҳоҷат баъд аз ин такфири мо.
Иззату хорӣ ба як вазн аст дар мизони фақр,
Эй азизон, нест лозим он қадар тавқири мо.
Қилу қоли ҳар ду олам назди мо як нукта аст,
Нашъаи тавҳид даркор аст дар таксири мо.
Умр бигзашту нашуд осори файзе мункашиф,
