Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Муноҷот ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот (бо истифода аз санъати лафзии “Ширу шакар”)

Камтар атоят бар банда Поко! Рӯҳу равонам бодо фидоко! В-ақзиф риҷоак фи қалби ъабдик, В-ақтаъ риҷоий, ъамман сивоко! Лутфи ту бо мо аз ҳад фузун аст, Ё ман ладайно фазлу атоко! Номаш Карим аст, фазлаш азим аст, Бахшад аҷаб нест, ҷурму атоко. Ҳар неку бадро бошад сазое, Ҳозо би ҳозо, зоко би зоко! Ратбуллисонем аз ҷоми фазлат, Вирди забон аст мадҳу саноко! Мӯсии Имрон бигрехт аз хасм, Овард бар мо биляд асоко! Юнус ба Мавсул гардид мурсал, Мин маҳзи фазлик баъдал ҳалоко! Юсуф ба зиндон чун хок биншаст, Аз гарди туҳмат гардид поко! Ишқи Зулайхо охир асар кард, Шобат шабобан баъдал фаноко! Мар зоти ҳақро тавъан бикардӣ, Шавқан фаъалта мо иштаҳоко! То кай зи душман хоиф нишинӣ, Аллоҳ якфик ирфаъ ливоко! Дар гӯши ибрат ҳаргиз накардем, Ҳарчанд хондем мин “Ҳал атоко”! Ҳоруту Морут нақле, ки доранд, Авҷид китобан, ҳиссак ҳаноко! Ғарқи маконем, маҳви замонем, Дигар надонем “Айну мато”-ко! Дар бандагиҳо коре накардем, Ҳабно шафиъан би-л-Мустафоко! Моро саодат бар сар набудӣ, Кай уммати ӯ кардӣ Худоко! Фарзанди қобил берун наёяд, Аз ҳукми волӣ, аҷбил ҳудоко! Ин нуктаҳоро ҷуз ман кӣ гӯяд,

Китобҳои муаллиф