Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Қитъаи ғазалвора

Маро дар нестӣ осуда дорад гардиши даврон, Руъунат об мегардад чу бинад нону хонамро. Сабукрӯҳам, чунон дар маснади иззат ватан дорам, Ҳумои фақр бар сар мекунад тоҷустухонамро. Қабои ноз дар бар меравад он шӯх, инаш кам, Агар бар чеҳра созад ғоза ашки арғувонамро. Фигорам, хастаам, маҷнуншиорам, қайсаҳ волам, Ба Лайлӣ то расонад кист ҳоли хастаҷ онамро?... Гузаштам охир аз дастури тарзи нотавониҳо, Ба доман то ба кай дорад нигаҳашки равонамро?. Наям Бедил, наям Ҳофиз, наям Саъдӣ, наям Ҷомӣ, Ба ранги навтирозӣ медиҳад махзуни конамро. Фиғонам ҳар тараф саргашта метозад дар ин саҳро, Куҷо чобуксаворе то кунад сайд ин фиғонамро. Чунонам маҳв кун дар ёди худ дар хобу бедорӣ, Ба ҷуз номи хушат ҳамдам макун дил то забонамро. Кабӯ тарвор чархе мезанам дар авҷи навмедӣ, Намедонам куҷо хоҳад задан тир ин камонамро. Зи дунё баҳраам ин бас, зи уқбо ҳайрате дорам, Илоҳо, оқибат маҳмуд гардон ин баёнамро. Танамро дар либоси фақр агар осудагӣ додӣ, Ба хилъатҳои гуногун музайян кун равонамро. Агар дар кулбаам ояд ба меҳмонӣ зи якрангӣ, Ба як маснад нишонад фақр то шоҳи шаҳонамро. Ҷавонӣ - турфа нодониву пирӣ - ҷумла ҳайронӣ... Дами охир қарини лутф кун пиру ҷавонамро! Ба даргоҳат надорам туҳфае, ҷуз нолаву зорӣ, Аз ин рӯ шармсорам, хуб медонӣ фиғонамро. Зи ҳамдат оҷизам, ҳарчанд дар ғафлат ватан дорам, Дами охир зи лутфи худ магир аз ман забонамро. Ба завқи зиндагонӣ умри фонӣ шуд дар ин мазраъ, Накиштам ҳеҷ тухме, то кунад осуда ҷонамро. Аз ин савдо намедонам, ки то суде ба даст ояд, Кафи афсӯс ҳам муфт аст ҷони нотавонамро. Маро гар бишнавад, аз неъмати алвон чиҳо дорам, Ҳасуд аз ғусса мепечад ба худ нодида хонамро. Ҷавониҳо ба нодонӣ, ба пириҳо пушаймонӣ,

Китобҳои муаллиф