Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мунодӣ нест ҳоҷат баҳри таҳрики қавофилҳо

Мунодӣ нест ҳоҷат баҳри таҳрики қавофилҳо, Гирифт аз суҳбати ағёр бас аҳбобро дилҳо. Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо, Ба дасти туст ё Рабб, хастагонро ҳалли мушкилҳо... Ҳавои беҳаво танҳо ба роҳи ишқҳоким кард, Ҷунуни бенавоиҳо маро гардид ҳоилҳо. Самуми ҷонгудози водии ҳиҷрон ҳилолам кард, Чу даркӯбон магар созанд тақриби мароҳилҳо. Ба чашми хунфишон Дониш намудам арзи ҳоли худ, Ало ё аййюҳал аҳбоб, бас уфтод мушкилҳо...

Китобҳои муаллиф