Ҳой-ҳойе дорад охир ишқи шӯрангези мо
Ҳой-ҳойе дорад охир ишқи шӯрангези мо,
Кас ба майдон во намеояд паи истези мо.
Ҳола андар гирди моҳи рӯи ӯ беваҷҳнест,
Ҳеҷ оромӣ надорад дидаи хунрези мо.
Арсаи даврон надорад ҳеҷ ҳайрат, ғайр аз ин,
Чанд мазмуне ба даст орад зи табъи тези мо.
Хунбаҳои ошиқон з-он Шаҳнигоҳе беш нест,
Фикри Фарҳоди маро Ширин кунад Парвези мо.
Хоназоди ишқро аз неку бад парво куҷост,
Аз азал ишкастаанд ин косаи парҳези мо.
Афсари шоҳон надорад ғайри сарафкандагӣ,
Эй сабо, аз мо расон бо ҳазрати Чингизи мо.
Офати даврон магар моро ба кунҷе ҷо кунад,
Ҳеҷ касро нест тоқат бо нишасту хези мо.
Мо намебинем дар худ изтиробе ҳеҷ вақт,
Кай кунад таъсир бо мо оҳи дардангези мо.
Дониш аз омодагӣ парво надорад субҳу шом,
Оламе асрор созад пунбаи гулрези мо.
