Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Илоҳо, ҳамдами таъсир кун оҳу фиғонамро

Илоҳо, ҳамдами таъсир кун оҳу фиғонамро, Ба гулзори муҳаббат ҷой деҳ сарви равонамро. Ман ин афсона сар кардам зи фазлат, баски нодонам, Зи шавқат пухта кун, магзор хом ин достонамро. Қабули хотири халқаст хомӯшиву нодонӣ, Аз ин гуфторҳо душман магардон дӯстонамро. Дар ин маҳфил ба ранги буҳавас зулматкамин магзор, Мунаввар соз аз нури яқин шамъи камонамро. Дуое мкунам эй дӯстон, омин талаб дорам, Паси астори иззат ҷой гардон дудмонамро. Ба як лутфе, ки кардӣ, сар ба сар ҷону дилам бурдӣ, Ба роҳат бохтам, маъзурам, акнун хонумонамро. Китобамро ба дасти рост деҳ ҳар гаҳ ки бархонам, Супурдам бо камини иззатат ҳирзи амонамро. Қалам то чанд созад шӯхрафторӣ дар ин Мусҳаф, Ба Бисмиллоҳу ҳамдат хатм кун Қуръони ҷонамро. Маро дилдорие деҳ аз камоли лутфу эҳсонат, Зи шавқат хурраму хуш дор гулзори ҷинонамро. Хами абрӯи дилбанде, ки дӯзад тири мижгонро, Фароҳам соз захми синаву пайванди ҷонамро. Ба хонам рез неъматҳои алвон бе каму бе кост, Мадеҳ бо гиряи нафси дағал лабҳои нонамро. Хуморолудаам аз ҷоми ирфони ту ҳар соат, Ба комам рез шарбатҳои гуногун баёнамро. Гулоби шишаи ирфон ба коми ман гуворо кун, Зи мағзи ҷуди худ пур кун димоғи заръи ҷонамро. Забони аҷзам аз таҳрири ҳамдат нуқсҳо дорад, Куҷоҳо мебарам то аз қабулат имтинонамро. Надорам бок агар дастам шавад кӯтаҳзи домонаш, Макун кӯтоҳ дар шарҳи камоли худ баёнамро. Ба вақти шарҳи ҳарфи дӯстон гоҳи суханронӣ, Расоӣ деҳ зи фазли худ забони тарҷ умонамро. Диламро махзани асрори худ кун аз камоли худ, Кушоиш деҳ ба мифтоҳи карам муҳри забонамро. Дар ин бозор шахси муштарӣ маъдум мебинам, Харидоре намо аз лутф гавҳарҳои конамро. Дар ин мазраъ шудам розӣ ба тақсиме, ки донистам,

Китобҳои муаллиф

Илоҳо, ҳамдами таъсир кун оҳу фиғонамро | Шоирон