Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Татаббуъ бар ғазали худ

Боди сабо расонд магар рафтани туро, Гул то ба сабза карда чаман ҷома хобҳо. Баҳри Худой, бар дили бечорагон мапеч, Зулфи турост тоқати ин печутобҳо. Аз файзи субҳу дарди шабу нури офтоб, Ҳар лаҳза мешавад ба дилам фатҳ бобҳо. Эй нозанин, чи ҷои тамошои гулшан аст, Гул дар чаман куҷост ба-д-ин обутобҳо. Аз дил суроғи мо чӣ кунӣ ҳар замон, ки дил, Аз хеш меравад ба сарам ин хитобҳо. Лофи камол мезанад аз нотамомияш, Зинҳор ташнагӣ наравад з-ин саробҳо. Фарзонаро чӣ ҳоҷати ташвиш додан аст, Зулфи ту дар хаёл диҳад печутобҳо. Сабраш ба ҳад расидаву тоқат шудаст тоқ, Бишкаста тори чангу шикаста рубобҳо. Бесабрие, ки доштам охир натиҷа дод, Инак маро расонд ба манзил шитобҳо. Чун атр ёдгор бимонад ба кокулаш, Аз чашми ман ба шиша кашад ин гулобҳо. Осудагӣ ба хотири Дониш намондааст, Валлоҳу аълам аст қариб инқилобҳо.

Китобҳои муаллиф