Гул дар чаман зи рӯи ту дорад ҳиҷобҳо
Гул дар чаман зи рӯи ту дорад ҳиҷобҳо,
Бардор баҳри хотири булбул ниқобҳо.
Майхонаро зи рӯи ту аз бас тароват аст,
Дар хок рехт аз дили мино шаробҳо.
Абрӯи ёру моҳи нав аз баски ҳамсаранд,
Печида аст бар сари чарх ин танобҳо.
Кокул илоҷи мастии дилҳо намекунад,
Холи лаб аст гӯшаи абрӯ кабобҳо.
Девонаро чӣ ҳоҷати маънист дар сухан,
Ошуфта аст аз дили Маҷнун китобҳо.
Аз оби беҳисоб замин то ба осмон,
Гиранд рӯзи ҳашр зи чашмам ҳисобҳо.
Бемори масти чашми туро дидаанд аз он,
Дилҳо харобҳову ҷигарҳо кабобҳо.
Сели сиришк меравад аз дил ба сӯи чашм,
Дониш ба рух давида ба ранги ҳубобҳо.
