Татаббуъ бар ғазали худ
Қотили моро набошад ҳеҷ ғам аз қатли мо,
Хунбаҳои мо бувад афканда аз кӯи Шумо.
Эй фарангизода, ороме надорад ин ғариб,
Рӯзу шаб ҳар ҷо равад бе холи ҳиндӯи Шумо.
Софтинатро ғами даврон намебошад ба дил,
Ғайри мо дигар ғуборе нест дар кӯи Шумо.
Бе мадоро зери чархи бесутун натвон ғунуд,
Оби ширин меравад имрӯз дар ҷӯи Шумо.
Ҷодаи ушшоқ аз қатъи тариқ осуда аст,
Мегурезад дев аз бонги ҳаёҳӯи Шумо.
Мечакад хуни футувват аз ҷабинам рӯзу шаб,
Хондаам ҳарфи ҳаё аз дафтари хӯи Шумо.
Ҳусни Юсуф ҳам ба мизони Зулайхо кам набуд,
Нест ин ҷо ҳеҷ ҳамсангинтар аз рӯи Шумо.
Қулзуми ғамро ба маҷнунон набошад дастрас,
Ҳеҷ обе ғайри шодӣ нест дар ҷӯи Шумо.
Ҳеҷ дар хотир намебошад таманнои дигар,
Дониши бечораро ҷуз дидани рӯи Шумо.
