Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯи Шумо

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯи Шумо, Нест моро тоқате бе дидани рӯи Шумо. Судаи алмосро бар захми мо марҳам ниҳед, Хунбаҳои мо нигоҳи чашми ҷодӯи Шумо. Чашми он дорем аз баҳри Худо афзун кунанд, Дарди моро эй табибон, ҳаққи дорӯи Шумо. Хуни мо бар гардани боди сабо хоҳад шудан, Гар димоғи мо шавад маҳрум аз бӯи Шумо. Аз сари бунёди ғам бигзаштани мо дур нест, Гар ба мо ёрӣ кунад як лаҳзае хӯи Шумо. Ҳирзи мо аз бӯсаи лаъли лабе таъйин кунед, То яке девона созад чашми ҷодӯи Шумо. Дониш аз гарданкашӣ ҳаргиз намеёбад халос, То замоне хок гардад бар сари кӯи Шумо.

Китобҳои муаллиф

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯи Шумо | Шоирон