Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Илоҳо, ҳамнишини дард кун оҳу фиғонамро

Илоҳо, ҳамнишини дард кун оҳу фиғонамро, Зи баҳри лутфи худ сероб кун теғи забонамро. Ман он мурғам, ки гарму сарди оламро намедонам, Ба зери боли лутфи хеш ҷо деҳ ошёнамро. Сарамро фарш кун дар аътабаи худ таҳти ин гардун, Зи ҳиммат ҳамдами арши барин кун остонамро. Дар анбори вуҷудам ҳаббае ҳосил намебинам, Зи дони макрамат пур дор роҳи Каҳкашонамро. Фалакро чанд боки лутфи пинҳонист, медонам, Аз ин рӯ чатри давлат карда бар сар осмонамро. Зи зулфи тобдори худ Қамар дар Ақрабам дорад, Ба заҳри сабр ширин карда коми нотавонамро. Биё, Дониш, ба ҳар ранге, ки бошад хоҳиши фазлаш, Ба лавҳи фитрати худ нақш фармо достонамро.

Китобҳои муаллиф