Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Моҳи бурҷи шараф, эй духти Шаҳи оламгир

Моҳи бурҷи шараф, эй духти Шаҳи оламгир, Кард бо Муштарии саъд қирон аз тақдир. Ин на он ақди никоҳ аст, ки ақли даррок, Ҳусни анҷоми варо кард тавонад тақрир. Рангҳо ҷумла намуданд зуҳур аз ранге, Нурҳо ҷумла гирифтанд бурун аз тастир. Як ҷаҳон ҷамъ шуда ҳуру парӣ дар маҳфил, Ҳама дар ҳусн сабоҳат ва дами бадри мунир. Ин на он саъд бувад, дида бувад дар сад қарн, Чашми анҷум зи хами тоқияи чарх сайир. Лаби соқӣ зи майи лаъл шуда шаккаррез, Чашми шоҳид зи карашма ба ҷигарҳо зада тир. Фалак анбошта аз баҳри муборакбодӣ, Зи савоқиб ба сари халқ гуҳарҳои хатир. Рафт овозаи ин базм ба ақтоъи ҷаҳон, Кард кар гӯши фалак ғулғулаи нойу нафир. Дида бар қомати ӯ дид саводи таърих, Худ куҷо рафт аз он қадди фатонат тахмир.

Китобҳои муаллиф

Моҳи бурҷи шараф, эй духти Шаҳи оламгир | Шоирон