Қитъае дар шикоят аз пирӣ
Шуд душмани ҷавонӣ мӯйи сапед бар сар,
Он беҳ, ки ҷойи душман болои сар набошад.
Сар ҳамчу субҳи козиб бевақт шуд сапедам,
Шоме зи субҳи пирӣ ториктар набошад.
Ё Раб, сафед чун шуд мӯйи сиёҳ, ҳаргиз
Болотар аз сиёҳӣ ранги дигар набошад.