Қитъа
Носир, инсоф аз ҷаҳон маталаб,
Ки дар офоқ аз ӯ наёбӣ гард.
Хусрави одиле намонд магар,
Тоҷдорӣ хурӯс хоҳад кард.
Парварад осмон ба хуни дилаш,
Ҳар кӣ дар даври мо сухан парвард.
Кори дониш замин фурӯ бурданд
Зуҳали наҳсу Зуҳраи номард.
Заррае меҳр агар будӣ дар чарх,
Чеҳраи меҳри ӯ набудӣ зард.
Каъбатайн аст саъду наҳси фалак,
Кавкабу бурҷи ӯ чу тахтаи нард.
Ту ҳама шашдарию ҳар соат
Зарби ӯ мехурӣ чу муҳраи фард.
Оташ андар тамаъ зану чун хок
Бар дари нокасони сифла магард.
Боядаш сад синони хорӣ дид,
Ҳар кӣ як нон зи хони дунон х(в)ард.
Бо ҳама халқ ҳамдамӣ кардам,
Ҳамдаме нест беҳтар аз дами сард.
Ҳукамои замонаро дидам,
Ҳеч дору намерасад бо дард.