Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад,

Ба боргоҳи Сулаймон кӣ арза медорад, Ки нест маскани маълум мӯри мискинро. Мани ғариб чу шоҳини чашмбаставу боз Мураббие на, ки гӯяд ба пеши шоҳ инро. Бигӯй, Носир, агар гаштаӣ Бузургумед, Ба самъи хусрави одил ҳадиси ширинро. Аз он замон, ки бар ин дар мулозимам чун бахт, Сарам ба хоб надидаст рӯйи болинро. Маро мулозимати шоҳ лозим аст, валек Шароитест басе хидмати салотинро. На асб дораму на зину ҳайратам з-ин аст, Ки мекашам ба сари дӯш худ намадзинро. Пиёда шаш дараҷа аз бисот чун тай кард, Зи қурби ҳазрати шаҳ ёфт фарри фарзинро. На камтар аст раҳе аз пиёдаи шатранҷ, Ки шат ранҷу бало дидаам ҷаҳонбинро. Ҷалоли давлату дин то абад муайяд бод Барои маслиҳати кори давлату динро!